Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти "ҳаштгонаи исломӣ" дар Абуҷа


Имрӯз дар Абуҷа, пойтахти Нигерия, нишасти сарони кишварҳои “ҳаштгонаи исломӣ” баргузор мешавад. Раҳбарони Бангладеш, Миср, Индонезӣ, Эрон, Малайзия, Нигерия, Покистон ва Туркия масоили марбут ба рушди минбаъдаи равобити иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ мекунанд.
Дар арафаи ин форум раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасте дар сафорати кишвар дар Абуҷа бори дигар ҳукумати ИМА-ро дар он айбдор кард, ки мехоҳад афкори худро болои дигар кишварҳо таҳмил намояд ва қудрати сартосарӣ дар оламро дар ихтиёр дошта бошад.
XS
SM
MD
LG