Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи даҳ ҷасад дар канори шаҳри Ӯш


Дар канори шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, имрӯз ҷасади даҳ нафар пайдо гардид. Ба иттилоъи дафтари матбуоти комендатураи Ӯш, барои муқаррар кардани ҳуввияти қурбониён пайвандони онҳоеро даъват кардаанд, ки бар асари низоъи қавмӣ миёни қирғизҳову ӯзбакҳо беному нишон ғайб задаанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ҳаводиси Ӯш ва Ҷалолобод беш аз 300 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо ҳадс зада мешавад, ки теъдодии аслии қурбониёни низоъи қавмӣ аз ду ҳазор нафар бештар аст.
Дар ҳамин ҳол дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch эълом дошт, ки мехоҳад тафтишоти байнулмилалии низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистонро доир кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки онҳо амали сохторҳои низомиву ҳифзи тартибот дар давраи низоъро низ тафтиш хоҳанд кард. Аз ин пеш ҳукумати муваққати Қирғизистон аз Маҷмааи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо даъват карда буд, ки дар тафтиши задухӯрдҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод кӯмак намояд.
XS
SM
MD
LG