Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Ню-Йорк "мурофиаи ҷосусҳо" шурӯъ мешавад


Имрӯз дар додгоҳи шаҳри Ню-Йорк мурофиаи додгоҳии даҳ нафари гумонбар дар ҷосусӣ ба нафъи Русия шурӯъ мешавад. Дар арафаи мурофиа додситонии федеролии ИМА алайҳи гумонбарон иттиҳом эълон кард ва нӯҳ нафари онҳо, ба ҷуз ҷосусӣ, дар “шустушӯи пул” ҳам айбдор мешаванд. Ҷон Родригес, вакили дифоъи Вика Пелаез, дар бораи вазъи рӯҳии фарди таҳти ҳимояташ гуфт, ки "ӯ хело ҳам рӯҳшикаста аст. Вазъи сиҳаташ хуб нест ва умедвор аст, ки озодаш мекунанд. Дар маҳбас будан ва аз имкони сӯҳбат бо пайвандон маҳрум будан барояш сангин аст. Ӯ аз ин гуна сурат гирифтани ҳаводис басо афсурда мебошад".
Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ду нафар аз гумонбарон шаҳрванди Русия будани худ ва дар Амрико бо асноди тақаллубӣ зистанашро иқрор карданд.
Дирӯз вакили дифоъ ва пайвандони донишманди рус Игор Сутягин, ки барои ҷосусӣ ба манфиати Амрико маҳкум ба зиндон шудаст, дар бораи имкони иваз кардани ин донишманду чанд тани дигар бо афроди дар ИМА боздоштшуда хабар доданд.
XS
SM
MD
LG