Пайвандҳои дастрасӣ

Галина Митяева, гурзандози ҷавони Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук байни наврасон дар пойтахти Вйетнам – шаҳри Ханой медали тилло ба даст овард.

Ба итилоъи Ӯлмас Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, Галина Митяева дар мусобиқаи қитъавӣ гурзро ба масофаи 56 метру 5 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро касб кард.

Итоман Мийя, варзишгари Ҷопон, бо натиҷаи 46 метру 77 сантиметр ҷои дуввумро гирифт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1 дақиқаю 49, 41 сония дар ҷои чаҳорум қарор гирифт. Дар ин навъи рақобатҳо Муҳаммад Ал-Гарни (Қатар) бо натиҷаи 1.48.13 ғолиб шуд.

Ҳусниддин Алиев, узви дастаи Тоҷикистон, дар партоби диск бо натиҷаи 49 метру 75 сантиметр ҷои ҳафтумро гирифт. Қаҳрамони нави Осиё Ҳамид Мансур, аз Сурия, дискро ба дурии 56 метру 25 сантиметр ҳаво дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо як медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Мунтахаби Чин бо касби 11 медали тилло, 10 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои аввалро касб кард. Мунтахаби Қазоқистон, ки соҳиби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуд, ҷои дувумро азони худ кард.

Варзишгарони ҷавони тоҷик ҳоло ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон, ки аз 19-ум то 25-уми июл дар шаҳри Монктони Канада баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG