Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имкони табодули ҷосусон миёни Русияву Амрико


Русия мехоҳад Игор Сутягин, як донишманди улуми ҳастаиро, ки бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Амрико зиндонӣ шудааст, бо гурӯҳе аз ҷосусони боздоштшудаи худ дар ИМА иваз кунад. Сутягин борои фурӯхтани иттилоот ба як ширкати Британия, ки гӯё гумоштаи идораи ҷосусии Амрико будааст, дар зиндон ба сар мебарад.

Ин муомила донишманди ҳастаии рус Игор Сутягинро дар бар мегирад, ки соли 2004 барои додани иттилоъоти махфӣ ба як ширкати Британия боздошт ва барои 15 сол маҳкум ба зиндон шуд. Дар ин бора вакили дифоъи Сутягин ва бародараш хабар додаанд.

Парвандаи Сутягин


Додситонии Русия иддаъо карда буд, ки ширкати мн Британия бахши махфии Си Ай Эй ё Хадамоти истихборотии Амрико будааст.Аммо Сутягин иттиҳомро рад намуда гуфта буд, иттилооте, ки вай ба ин ширкати Британия дода буд, дар манобеъи озод қобили дарёфт аст.

Бародараш Дмитрий, дирӯз дар нишасти матбуъотӣ дар Маскав гуфт, ки Игор Суутягинро рузи панҷшамбе аз маҳбас озод мекунанд:

“Фардо Игорро ба Вена ва аз онҷо ба Лондон мефиристанд. Барои ҳамин, мо ӯро ба қарибӣ дида наметавонем”.

Бино ба гуфтаҳои Дмитрий мақомот бо бародараш рӯзи душанбе 5 июл дар маҳбаси шаҳри шимолии Архангелск вохӯрданд ва дар ин мулоқот намояндагони расмии ИМА низ ҳузур доштанд.

Хабарҳо дар бораи раду бадали эҳтимолӣ баъд аз он пайдо шуданд, ки Сутягинро ҳафтаи ҷорӣ аз маҳбаси Архангелск ба Маскав гузаронданд ва ба вай иҷозат доданд, ки бо хешовандонаш вохӯрад.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Игор Сутягин гуфт, шахси зери ҳимояташ маҷбур шуд санади эътирофи гуноҳашро имзо кунад:

“Вай инчунин рози шуд санадҳоеро имзо кунад, ки ба ӯ пешкаш шуда буд. Ӯ ин санадҳоро ҳатто мутолеъа накардааст. Игор мехоҳад бигӯяд, ки бо вуҷуди ин ҳама ӯ мехоҳад то ҳама бидонанд, ки ӯ ин ҷиноятро содир накардааст ва худро бегуноҳ меҳисобад”.

Анна Ставитская гуфт, мақомоти Русия мехоҳанд Сутягинро бо яке аз афроде, ки дар Амрико ба ҷосусӣ муттаҳам мешаванд, иваз кунанд.

Бародари Сутягин гуфт, ки ба Игор рӯйхати 11 нафарро нишон доданд, ки низ ба ин муомилаи раду бадали ҷосусон шомил хоҳанд шуд. Ва гӯё, ки Сутягин танҳо як шахс Сергей Скрипал, сарҳанги артиши Русияро шинохтааст, ки соли 2006 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Британия ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки на вазорати корҳои хориҷии Русия ва на Хадамоти истихбороти хориҷтии он кишвар дар бораи раду бадали эҳтимолӣ шарҳе надоданд.

Собиқаи табодули ҷосусон миёни Маскав ва Вошингтон

Дар замони ҷанги сард ҷосуси Русия Рудолф Абелро ба халабони ҳавопаймоии ҷосусии амрикоӣ Гарӣ Поверс иваз карда буданд.

Ин дар ҳолест ки дар Вошингтон аломатҳои воқеъӣ будани тавофуқ дар бораи муомила мушоҳида мешавад.
Вилям Бурнс, муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури сиёсӣ ва сафири собиқи он кишвар дар Маскав бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вошингтон дидру мулоқот кард.

Марк Тонер, сухагӯи вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, мавзӯъи гумонбаршудагон дар ҷосусӣ мавзуъи аслии мулоқот набуд.

Зимни мулоқот дипломатҳо ба натиҷаҳои сафари Дмитрий Медведев раисиҷумҳури Русия ба Амрико тамаркуз кардаанд. Аммо Тонер гуфт, бовар дорад, ки мавзӯъи ҷосусон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст:

“Мавзӯъи асосии вохурӣ дар ҳақиқат баррасии натиҷаҳои нишасте буд, ки ду ҳафта пеш дар инҷо доир шуд. Оё мавзӯъи ҷосусон низ матраҳ шуд? Эҳтимолан бале. Ман дар бораи тафсилоти ин мавзӯъ чизе гуфтанӣ нестам”.

Ин дар ҳолест, ки Доналд Ҳесфиелд ва ҳамсараш Трейси Лӣ Эн Фоли, ду гусонбаршуда дар ҷосусӣ, аз шаҳри Бостон ба Ню Йорк фиристода шуданд.

Инчунин мурофеъаи муқаддамотии гумонбаршудаагон Майкл Затоли, Патрисия Милс ва Михаил Семенко дар иёлати Вирҷиния қатъ шуда, қозии додгоҳ ҳукми интиқоли онҳоро ба Ню Йорк содир кард.

Панҷ гумонбаршудаи боқимонда аллакай дар маҳбаси Ню Йорк ба сар мебранд.
XS
SM
MD
LG