Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи раҳбарони Чину Покистон барои мубориза бо се бадӣ


Дар рӯзи дуввуми сафари шашрӯзааш дар Чин, Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, бо Ҳу Ҷинтао, ҳамтои чинии худ мулоқот кард. Ҳарду раиси ҷумҳур ваъда доданд, ки ҳамроҳ алайҳи ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва тероризм мубориза хоҳанд кард. Хабаргузории расмии “Синхуа” навиштааст, ки ҳарду кишвар ҳоло дар вилояти худмухтори Нингхиаи Чин тамринҳои зиддитерористӣ анҷом медиҳанд. Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳу Ҷинтао ҳамчунин дар расми имзои шаш созишнома дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаи кишоварзӣ, беҳдошт, додгустарӣ, матбуот, иқтисод ва технологияҳо ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG