Пайвандҳои дастрасӣ

Муомилаи Русия барои табодули гумоштаҳояш?


Бино ба гузоришҳо, Русия мехоҳад, Игор Сутягин як донишманди ин кишварро, ки бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Амрико зиндонӣ шудааст, бо гурӯҳе аз ҷосусони мазнуни худ дар Иёлоти Муттаҳида иваз кунад. Игор Сутягинро соли 2004 бо гуноҳи фурӯхтани иттилоъоти махфии низомӣ ба як ширкати Бритониё, ки гӯё гумоштаи Хадамоти истихборотии Амрико будааст, ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Дмитрий, бародари Игор Сутягин, гуфт, мақомоти Русия мехоҳанд, ӯро бо теъдоди номаълуми ҷосусони боздоштшудаи худ дар Амрико иваз кунанд. Дмитрий Сутягин афзуд: "Ба ӯ як коғазеро барои имзо доданд, ки муҳимтарин бахши он ба назари ӯ ба тамом эътироф кардани гуноҳҳояш аст. Ӯ наметавонист, ки ин санадро имзо накунад. Аз ин рӯ ҳоло аз ду чиз ғамгин аст, ки бо имзои ин коғаз гуноҳашро эътироф кард ва маҷбур мешавад, ин кишварро тарк намояд." Анна Ставитская, вакили дифоъи Сутягин гуфт, ки Русия мехоҳад, табодули ҷосусҳо рӯзи панҷшанбе сурат бигирад ва Игор Сутягин аввал бояд ба Бритониё фиристода шавад.
XS
SM
MD
LG