Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот алайҳи "Талко" дар Ӯзбакистон


Гурӯҳе аз сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон бо баргузории як тазоҳурот хостори таҳқиқи зиёни муҳитизистии корхонаи “Талко”- и Тоҷикистон шудаанд. Ҳаракати экологии Ӯзбакистон мегӯяд, дар ин тазоҳуроти рӯзи чаҳоршанбе бештар аз 500 нафар ширкат кардаанд. Онҳо гуфтаанд, олудагиҳои корхонаи тавлиди алюминиуми Тоҷикистон бемориҳои мухталифро дар миёни сокинони ду тарафи марз афзудааст. Ба гуфтаи созмон, тазоҳуротро худи мардум ташкил кардаанд ва кормандони милиса аз онҳо хостаанд, ки пароканда шаванд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, иддаъоҳо доир ба зиёни олудагиҳои корхонаи Талко асос надорад, зеро олудагиҳое, ки хориҷ мешаванд, бештар аз меъёр нест. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон тазоҳурот бо ҳидояти ҳукумати Ӯзбакистон созмон дода шудааст, ки бо Тоҷикистон сари тақсими об ҷанҷол мекунад.
XS
SM
MD
LG