Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу мегӯяд, музокирот бояд бидуни пешшарт бошад


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, музокироти мустақими сулҳ бо Фаластиниён бояд бидуни ”пешшарте” сурат бигирад. Ӯ ҳамчунин ба суол доир ба идомаи тавқифи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолӣ дар Канораи Ғарб баъди моҳи сентябр посух надод. Фаластиниён хостаанд, то пеш аз оғози музокироти мустақими сулҳ, Исроил шаҳраксозиҳоро муттавақиф кунад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе баъди мулоқоташ бо Бенямин Нетаняҳу дар Вашингтон аз ҳарду тараф хост, то замони поён ёфтани мораториуми шаҳраксозиҳои Исроил музокироти мустақими сулҳро аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG