Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои сахиёнаи як миллиардер ба Арманистон


Як миллиардери арманитабори Амрико барои бунёд ва тармими мактабҳо дар Арманистон 12 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Кирк Киркорян, ки яке аз сарватмандтарин афроди Иёлоти Муттаҳида аст, аз соли 2007 то кунун барои тармиму бунёди мактабҳо дар Арманистон, 22 миилион доллар кӯмак кардааст. Ба тахмини бунёди хайрияи ин миллиардери саховатманд, дар Арманистон нисфи 1400 мактаби ҳамагонӣ, ба таъмиру таҷдид ниёз доранд. Кирк Киркорян, ки дороиҳояш бештар аз 15 миллиард будааст, аз замони истиқлоли Арманистон барои сохтмони зербунёду манзилҳои зодгоҳи волидонаш 240 миллион доллар хайр кардааст.
XS
SM
MD
LG