Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезӣ дар Молдова ва интиқоли аҳолӣ аз маҳали осебдида


Мақомоти расмии Молдова мегӯянд, бештар аз 2 000 нафар аҳолӣ аз аз минтақаи селоб ба ҷойҳои дигар интиқол дода шудаанд. Рӯдхонаи Прут дар марзи ҷанубӣ бо Руминия пуроб шуда, аз соҳил берун рафтааст. Дар деҳи Немтенӣ 100 хона хароб ва зери селоб мондааст. Интизор меравад, ки сатҳи об дар рӯзҳои оянда боло равад. Талошҳо барои сохтани обравҳои фаръӣ ва бастани соҳил идома дорад, то манозили аҳолӣ аз селоб осеб набинад.
XS
SM
MD
LG