Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин авохир анҷоми ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон муд шудааст ва мардум пинҳону ошкор аз он истифода мебаранд. Бо фанновариҳои ҷадид метавон нуқсҳои ҷисмонӣ, аз қабили чашми каҷ, пойҳои кӯтоҳ ё гӯшҳои чапар, хулоса ҳамаро ислоҳ кард.

Чеҳраи безеб ва ё иллати ҷисмонӣ боиси фишори равонӣ мегардад ва уқдаи камбиниро дар инсон афзоиш медиҳад. Аммо фанновариҳои ҷадид коре мекунанд, ки қалами Монӣ лол мемонад. Онҳое, ки димоғи бузург доранд ё чашми каҷ, пойҳои кӯтоҳ ё гӯшҳои чапар, хулоса ҳамаро мешавад ислоҳ кард, шикасту буриду аз дигар пайваст кард.

Баъзе бошандагони Тоҷикистон низ бо дастрасӣ ба имконоте мисли ҷарроҳии пластикӣ нуқсҳои модарзодиро аз байн мебаранд ва аз уқдаҳои фишоровар раҳоӣ меёбанд. Онҳое, ки пулу сарват доранд, аз хизмати ҷарроҳони Аврупову Осиё истифода мебаранд. Мардуми дорои имконияти камтар ба табибони тоҷик муроҷиат мекунанд.

Дар ҳамин ин авохир анҷоми ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон низ муд шудааст ва мардум пинҳону ошкор аз имкони мусоид истифода мебаранд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG