Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон рӯзнома нашр намешавад ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ дар пахши хабарҳои оҷил кундӣ мекунанд, амри маъруфи руҳониён ва сӯҳбатҳо дар намозҳои ҷумъа ба манбаи иттилоъ барои қишре аз ҷомеа табдил ёфтааст.

Раҳмиддин, ҳамсӯҳбати аввалини ман дар саҳни масҷиди марказии пойтахт мегӯяд, бештар аз ҳаводиси ҷаҳону Тоҷикистон дар масҷид пеш ва ё баъд аз намоз огоҳ мешавад, зеро ба интернет дастрасӣ, ба телевизиону радиоҳо ва ҳаққонияти навиштаҳои матбуот эътимод надорад: «Барои он ки ҳар чӣ дар нашрия навишта мешавад, маҳсули тахайюли рӯзноманигорон аст».

Эътимод ба амри маъруфи рӯҳониён

Раҳмиддин мегӯяд, ба амри маъруфи рӯҳониёни Тоҷикистон эътимод дорад: «Маърӯзаҳои Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар рӯҳониёнро гӯш ва ба онҳо бовар мекунам, зеро далелҳои онҳо аз Қуръону ҳадисанд».

Алӣ, ҳамсӯҳбати дигари ман, бар вижагии ахборе, ки дар масоҷид дарёфт мекунад, таъкид карда, мегӯяд, бархе аз хабарҳое, ки дар масҷид аз забони ҳамсафон мегирад, дар ҷое пахш намешаванд: «Масалан, як зан худаша овехтааст. Фикр кардем, ки газетаҳо менависанд. Хайр, телевизион нишон намедиҳаду лекин умед доштем, ки газетаҳои озод менависанд, аммо нанавиштанд».

Алӣ мегӯяд, иттилоот хеле гуногун ҳастанд, мардум ҳарчӣ мешунаванд, бо ҳамроҳони худ матраҳ мекунанд, то бифаҳманд, ки оё дигарон низ аз ин хабар огоҳ ҳастанд ё хайр. Вай мегӯяд, бадоҳатан баҳсҳо низ бармехезанд: «Аммо дар масъалаҳои сиёсӣ мардум эҳтиёт мекунанд. Хайр худатон мефаҳмед-ку барои чӣ?»

Имом-хатиб: "Масҷид барои гапу кори дунявӣ нест"

Дар ҳамин ҳол, Ҳамидуллоҳ Раҳимзода, имом—хатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз он ки мардум чӣ иттилоеро дар масоҷид додуситад мекунанд, хабар надорад, аммо ин макони муқаддас аст ва барои гапу кори дунявӣ нест: «Имрӯз дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост. Агар дар масоҷид сӯҳбатҳое шавад, ки ба якпорчагиву ваҳдати мардум ва амнияти давлат зиён дорад, бояд мардум аз ин сӯҳбатҳо парҳез кунанд».

Иззатулло Азизов, масъули Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии сухан вуҷуд дорад ва мардум ҳақ доранд, ки бо ҳамдигар иттилоотро раддубадал кунанд, аммо дар масоҷид, ки хонаи Худо маҳсуб мешаванд, ин кор қоидаҳои худро дорад: «Агар он қадар зарур бошад ва мардум мехоҳанд, ки як чиро фаҳманду донанд, беҳтараш дар саҳни масҷид сӯҳбат кунанд ва ҳамчунин хутабо ҳам дар мавзӯъҳои берун аз ислом ҳамин корро бояд кунанд».

Масоҷид дар Тоҷикистон дар ҳоле ба манбаъи алтернативии иттилоъ табдил меёбанд, ки дар ибтидои пайдоиш манбаъи аввалин шакл гирифтани шуури мардуми мусалмон маҳсуб мешуданд. Бо гузашти замон ва пайдо шудани фанновариҳои ҷадид, аз ҷумла пайдо шудани матбуот, телевизиону радио ва интернет, ҳамчун манбаъи аввали иттилоъ аҳамияти худро гум кард.

Коршинос: "Озодии баён дар масҷид бештар аст"

Имрӯз дар саросари олам руҳониён аз интернет ва расонаҳои хабарӣ ба хотири тарғибу ташвиқи ислом кор мегиранд, аммо ба чӣ далел дар Тоҷикистон дар баробари дигар манобеъ масоҷид ба манбаи алтернативии иттилоъ табдил меёбанд? Ва оё чӣ иттилоест, ки дар масҷид метавон пайдо кард, аммо дар матбуот, телевизион, радио ва интернет - на?

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, озодии баён дар масоҷид дар қиёс бо матбуот бештар аст, зеро дар расонаҳо маҳдудиятҳо зиёданд. Оқои Қаршибоев афзуд, гумон намекунад, ки аксари иттилоъи масоҷид созанда бошад, қабл аз ҳама барои он ки манбаъ надоранд:

«Ин иттилоот ҳам хусусияти динӣ ва ҳам мишмишӣ доранд, яъне бар овозаву ҳадсу гумонҳо асос ёфтаанд. Дигар ин ки ҷойгоҳи ин иттилоот дар қиёс бо иттилооти расмиву матбуот барои шунаванда дигар аст. Аммо масҷид набояд ба манбаъи алтернативии иттилоъ табдил ёбад».

Бархе аз коршиносон мегӯянд, барои он ки масҷид ҳамчун манбаъи алтернативӣ тақвият наёбад ва ҳамчун макони поки ибодату дуо, яъне Хонаи Худо боқӣ монад, бояд озодии шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъ ҳамвор бошад. Аммо бархе ҳам мегӯянд, ин як раванди табиист, ки аз воқеиятҳои Тоҷикистон бархоста, решаҳои иҷтимоӣ дорад ва ҷилавгирӣ аз он корест мушкил.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG