Пайвандҳои дастрасӣ

Мақбараи Хоҷа Машҳад дар Шаҳритус дубора боз шуд


Рӯзи сешанбе дар ҷануби Тоҷикистон маросими гушоиши мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад баргузор шуд. Бозсозиву тармими ин меъмории муҳими фарҳангӣ соли 2005 оғоз шуда буд ва моҳи январи соли ҷорӣ ба поён расид. Сафоратхонаи Амрико барои таъмири ин ёдгории муҳими таърихӣ 106 000 доллар ихтисос дод. Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон дар маросими гушоиши ин мақбара ва мадраса гуфт, акнун мусулмонони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд барои зиёрати ин мақбара биёанд.
XS
SM
MD
LG