Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои НАТО иштибоҳан 5 сарбози афғонро куштанд


Мақоти расмии Афғонистон мегӯянд, шаби гузашта дар як ҳамлаи ҳавоӣ нируҳои НАТО дар вилояти Ғазнӣ иштибоҳан 5 сарбози Афғонистонро кушта, 2 нафари дигарро захмӣ кардаанд. Генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ- сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт:

"Шаби гузашта соати 4-и субҳ нируҳои мо дар байни банди Сардаву Раҳимхел дар як нуқта камин гирифта буданд, дар ҷараёни камин нируҳои ҳавоӣ АЙСАФ бомборон мекунанд, 5 нафар аз сарбозони мо шаҳид мешаванд ва 2 нафар захмӣ".


Ҷозеф Блотс-сухангӯи нируҳои НАТО ин суханонро таъйид кард ва гуфт, ки расидагӣ ба ин ҳодиса оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG