Пайвандҳои дастрасӣ

"Мӯйсари мусулмонӣ" бояд чӣ гуна бошад?


Мақомоти Эрон чунин мӯйсарҳои ҷавононро "таҷовузи фарҳангии мамолики ғарб" унвон кардаанд.

Мақомоти Эрон чунин мӯйсарҳои ҷавононро "таҷовузи фарҳангии мамолики ғарб" унвон кардаанд.

Аз замони Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 то ҳол, бори аввал як созмони хусусии муди исломӣ феҳрасти ороиши мӯйсарро, ки мутобиқ ба фарҳанги исломӣ мебошад, ба ниҳодҳои давлатӣ, барои тасдиқ пешниҳод кардааст.

То кунун вазорати фарҳанги Эрон дар ин бора чизе нагуфтааст, вале дар «Ҷашнвораи рӯсарӣ ва иффат» ин созмони хусусӣ иброз дошт, ки ба зудӣ феҳрасти матраҳшуда арзёбиву тасдиқ хоҳад шуд.

Рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон намояндаи ин созмон хонум Жола Худоёр гуфт, ҳадаф аз пешниҳоди феҳрасти ороиши қобили қабули мӯйсар муқовимат ба "таҷовузи фарҳангии мамолики ғарб" мебошад.

Худоёр илова кардааст, ки феҳраст пояи мероси исломӣ тартиб дода шудааст ва он ба анъанаҳои вилоятҳои Эрон мутобиқ хоҳад буд. Дар ороиш ҷавонони зиёди эронӣ ба варзишгарон ва ситораҳои ҳунари кишварҳои мухталифи олам пайравӣ намуда, мӯйсарашонро мисли тоҷи шоҳмоҳӣ ва думи асп метарошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG