Пайвандҳои дастрасӣ

Се гумонбар ба ҷосусӣ дар Амрико ба додгоҳ ҳозир мешаванд


Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз се нафар аз як ҳалқаи ҷосусӣ, ки онҳоро барои ҷосусӣ ба нафъи хадамоти кашфи Русия муттаҳам медонанд, дар додгоҳ зоҳир шаванд. Иддао мешавад, ки онҳо аз солҳои 1990 ба ин сӯ зери чатри хадамоти кашфи хориҷии Русия дар Амрико фаъолият мекардаанд. Михаил Кутзик, Наталия Переверзева ва Михаил Семенко дар аёлати Вирҷиния дар додгоҳи Александирия ҳозир хоҳанд шуд ва ба унвони агентҳои сабти ном нашудаи хориҷӣ мавриди бозпурсӣ қарор хоҳанд гирифт. Қозии додгоҳ ҳақ дорад, иттиҳомотро аз онҳо бардорад ва ё онҳоро ба мурофиа бифиристад. Кутзик ва Наталия бо номҳои дуруғин дар ҳаволии шаҳри Вошингтон бо ҳам мезистанд. Моҳи гузашта ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия 10 нафар дар Амрико боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG