Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фаронса рӯсарии занонро баррасӣ мекунанд


Порламони Фаронса масъалаи пӯшидани рӯсарии мусулмонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро баррасӣ мекунанд. Мишел Алио Марӣ-вазири адлияи Фаронса рӯзи сешанбе дар ҷаласаи порламон гуфт, пӯшидани бурқа, ки аз он ниқоб ва рӯсарӣ ҳам ном мебаранд, хилофи арзишҳои ҷомеаи дунявии Фаронса аст. Вай гуфт:

"Омодагӣ ба зиндагӣ дар як ҷомеа бад-он маъност, ки шумо ҷеҳраи шахси дигарро қабул доред, бад-он маъност, ки шумо тавони дидани шахсеро доред, ки бо вай сӯҳбат мекунед ва шумо ҳам қабул доред, ки вай шуморо мебинад".

Фаронса кишварест, ки бузургтарин шумораи мусулмонони Авпупо, яъне 5 миллион нафар ба сар мебаранд, вале тибқи маълумоти вазорати дохила танҳо 200 000 нафар занон рӯсарӣ мебандад.
XS
SM
MD
LG