Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Британия аз Ҳилманд хориҷ мешаванд?


Бино ба гузоришҳои матбуоти Ғарб, нируҳои Британия мехоҳанд аз влояти Ҳилманди Афғонистон хориҷ шаванд ва масъулияти худро дар ин минтақаи ҳассос дар ҷануби Афғонистон дар ихтиёри нируҳои Амрико гузоранд. Дар ин бора Лиам Фокс-вазири дифои Британия дар порламони ин кишвар хабар хоҳад дод. Интизор меравад, Фокс дар порламон бигӯяд, ки то охири соли ҷорӣ нируҳои кишвараш аз вулусволии Сангини вилояти Ҳилманд хориҷ шаванд. Нируҳои Британия бештарин талафоти ҷонии худро дар ҳамин вулусволӣ додаанд. Аз соли 2001 аз замони оғози амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон дар ин вулусволӣ 99 сарбози Британия кушта шудааст. Ҳоло дар Афғонистон тақрибан 10 000 нируи ин кишвар мустақар аст ва бештари онҳо дар Ҳилманд мебошанд.
XS
SM
MD
LG