Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хабари ба садама дучор шудани сафирашро рад кард


Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари ба садама дучор шудани сафири ин кишвар дар Қазоқистонро беасос хонд. Қаблани расонаҳои Қазоқистон иттилоъ пахш карданд, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Баҳром Холназаров ва як масъули дигари сафорат ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷӣ Давлат Назрӣ мегӯяд, сафири Тоҷикистон дар Остона Баҳром Холназаров рӯзи 5-уми июл дар нишасти ҷомеаи ҳамкории иқтисодии АврОсиё дар шаҳри Остона ширкат дошт ва ба ягон садамаи нақлиётӣ рӯбарӯ нашудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, дар вилояти Қарагандаи Қазоқистон намояндаи ширкати “Тоҷик эйр» Фирӯз Самиев ва як масъули техникии сафорати Тоҷикистон дучори садама ва ба беомристон интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG