Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби миллии Ҳолланд пас аз пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар тими миллии Уругвай бо ҳисоби 3:2 ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ роҳ ёфт. Вале рақибаш - Уругвай барои ҷои севвум мубориза хоҳад бурд.

Натиҷаи бозии аввали 1/2 ниҳоӣ:
6-уми июл. Кейптаун. Варзишгоҳи “Грин Пойнт”. Уругвай – Ҳолланд - 2:3 (1:1 ). Голҳо: Ҷованни ван Бронкхорст, дақиқаи 18-ум, Уэсли Снейдер, дақ. 70-ум, Арйен Роббен, дақ. 73-юм – ҳарсе Ҳолланд, Диего Форлан, дақ. 41-ум, Макси Перейра, дақ. 90-ум – Уругвай.

Дар бозии дуввуми ниманиҳоӣ 7-уми июл соати 23.30 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи “Мозес Мабида”-и шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ тимҳои миллии Олмон, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, ва Испониё, қаҳрамони кунунии Аврупо, рақобат хоҳанд кард.

Ғолиби ин бозӣ 11-уми июл дар финал бо тими Ҳолланд, ки барои бори севум ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтааст, қувваозмоӣ мекунад. Дастаи мағлубшудаи бозии дуввуми ниманиҳоӣ 10-уми июл бо тими Уругвай барои ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ талош хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, аз 7 тиме, ки дар муддати 80 сол ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст, танҳо Олмон (1954, 1974, 1990) муборизаро барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 идома медиҳад. 6 тими миллӣ, ки солҳои мухталиф барандаи Ҷоми ҷаҳон шудаанд – Бразил (5 бор - 1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё (4 маротиба -1934, 1938, 1982, 2006), Аргентина (2 бор - 1978, 1986), Уругвай (2 бор – 1930 ва 1950), Инглистон (1966) ва Фаронса (1998) аз идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд.

Давид Виля (Испониё) ва Уэсли Снейдер (Ҳолланд), ки то ҳоло 5-голӣ задаанд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2010 пешсаф мебошанд. Г.Игуаин (Аргентина), Т.Мюллер (Олмон), М.Клозе (Олмон), Р.Виттек (Словакия ) ва Д.Форлан (Уругвай) 4-голӣ ба самар расондаанд. Л.Суарес (Уругвай), Л.Фабиану (Бразил) ва Л.Донован (ИМА) 3-голӣ задаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG