Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Обама ба музокироти рӯбарӯи Исроил ва Фаластин


U.S. -- President Barak Obama (R) meets with Israeli Prime Minister Benjamin Netanyahu in Washington, DC, 18May2009

U.S. -- President Barak Obama (R) meets with Israeli Prime Minister Benjamin Netanyahu in Washington, DC, 18May2009

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар Кохи сафед изҳори умедворӣ кард, ки гуфтушунидҳои мустақими Исроил ва фаластиниҳо пеш аз анҷоми мораториуми бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар моҳи сентябр оғоз шавад.

Дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Исроил Обама гуфт: “Мо дурнамои сулҳи Ховари Миёнаро зимни сӯҳбати муфассал мавриди баҳс қарор додем. Ман бовар дорам, ки нахуствазир Нетаняҳу сулҳро мехоҳад. Ман фикр мекунам, ки ӯ мехоҳад, масъулияти сулҳро ба зиммаи худ бигирад. Дар давоми сӯҳбатамон вай бори дигар тасдиқ намуд, ки мехоҳад, бо фаластиниҳо вориди гуфтушунидҳои ҷиддӣ шавад.”

Обама изҳори боварӣ кард, ки музокироти ғайримустақим ба музокироти рӯ ба рӯ хоҳад овард. Аз нигоҳи таҳлилгарон, нишасти муштараки раҳбари ду кишвар дар Кохи сафед аломати беҳбуди равобити Амрикову Исроил мебошад, ки баъд саркашии Тел-Авив аз қатъи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар моҳи март ба сардӣ гароид.

Нетаняҳу низ гуфт, умедвор аст, ки музокироти мустақим бо фаластиниҳо қабл аз анҷоми мораториуми 10 моҳаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Навори Ғазза шуруъ мегардад.

Нетаняҳу хостори гуфтугӯ бо Аббос шуд

Нетаняҳу аз Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардони фаластин даъват кард, бо ӯ вохурад ва аз гуфтушунидҳои ғайримустақим бо миёнҷигарии Амрико ба музокироти рӯбарӯ ҷиҳати ташкили давлати Фаластин пардозад:

“Ман фикр мекунам, ки ҳоло фурсати бисёр муносиб барои гуфтушунидҳои мустақим аст. Ман бар ин назарам, ки бо мусоидати президент Обама, раҳбари ҳукумати фаластиниҳо Маҳмуд Аббос ва ман бояд вориди гуфтушуниҳои мустақим шуда, роҳи сиёсии истиқрори сулҳро пайдо кунем.”

Обама гуфт, ки чораҳои бунёди эътимод аз ҳар ду ҷониб ба чунин музокирот кумак хоҳад кард. Раҳбарони фаластиниҳо мегуяд, ки гуфтушунидҳои ғайримустақим бисёр кунд ҷараён дорад ва ба ягон пешрафти умда ноил нагаштааст ва ба ҳамин хотир ҳам дар бозгашт ба музокироти бевосита зарурате нест.

Моҷарои шаҳраксозии Исроил дар хоки фаластиниҳо

Гуфтушунидҳои мустақим миёни Исроилу фаластиниҳо дар охирҳои соли 2008 қатъ шуда буд. Саволи асоси раванди сулҳи ноустувор дар он аст, ки оё Нетаняҳу мараториуми бунёди шаҳракҳоро тамдид хоҳад кард ё хайр?

Нетаняҳу ба қатъи муваққатии сохтмони шаҳракҳо танҳо таҳти фишори Барак Обама розӣ шуда буд. Тамдиди он метавонад сабаби аз байн рафтани эътилофи сиёсии ҳукумати Нетаняху шавад, ки аксаррияти аъзояш ва аз ҷумла худи ӯ тарафдорони бунёди шаҳракҳоянд.

Дар тафовут аз боздиди қаблиаш аз Кохи сафед дар моҳи март Нетаняхуро бисёр самимона истиқбол намуданд. Ин дафъа ду раҳбар дар паҳлӯи якдигар нишаста бо табассум сӯҳбат мекарданд.

Зимни боздидаш дар моҳи март президент Обама ҳатто аз аксгирӣ бо нахуствазири Исроил худдорӣ варзида буд. Сабаби қаҳри Кохи сафед дар он буд, ки ҳангоми боздиди Ҷо Байден муовини раисиҷумҳури Амрико аз Исроил Тел-Аавив дар бораи нақшаи бунёди 1600 манзили иловагӣ барои яҳудиҳо дар Байтулмуқаддаси шарқӣ эълон карда буд.

Аммо сардии бисёр нодир дар робитаҳои Амрико бо Исроил ҳоло аз байн рафта, дар сабки муроҷиати Обама ба Нетаняху мушоҳида мешавад. Обама дар робита ба аҳамияти амнияти Исроил изҳор дошт, ки Амрико ҳеҷ вақт аз Исроил талаб нахоҳад кард, ки ягон гомеро бардорад, ки амнияти он кишварро зери хатар гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG