Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Борис Тадич ба мақомоти Косово


Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, партоби ду норинҷак ба издиҳоми тазоҳургарон дар шаҳри Митровитсаи Косово “хушунати таҳрикнашуда” будааст. Борис Тадич мақомоти албании Косоворо алайҳи ҳаргуна иқдомоти якҷониба ҳушдор дод ва гуфт дар сурати идомаи чунин амалкардҳо, Сербистон мавқеъгирӣ нисбат ба “ҳузури байналмилалӣ” дар Косоворо бознигарӣ хоҳад кард. Рӯзи дуввуми июл бар асари партоби ду норинҷак ба тазоҳуроти сербҳои Косово дар шаҳри Митровитса ду нафар кушта ва дасти кам 12 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG