Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНЕСКО дархости Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, охириҳ ҳамин моҳ, масъалаи шомил кардани Парки миллии Тоҷикистон ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро баррасӣ хоҳад кард. Парки миллии Тоҷикистон кӯҳистони Помир бо тамоми олами набототу ҳайвоноташро фаро гирифтааст. Дар сурати ризоияти коршиносони Созмони Милал, “Парки миллии Тоҷикистон” нахустин моликияти кишвар дар Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО хоҳад буд. Дар ҳамоиши ЮНЕСКО дар Бразилия, ки аз 26 июл то 3 август идома мекунад, масъалаи шомил кардани даҳҳо иншооту моликияти кишварҳои дигари ҷаҳон ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG