Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама аз Исроилу Фаластиниён барои музокирот


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз Исроилу фаластиниён хост, дар зарфи се моҳи оянда, музокироти мустақими сулҳро аз сар бигиранд. Баъди мулоқоташ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи сафед, Барак Обама дирӯз гуфт, мӯътақид аст, ки Исроил дар азсаргирифтани музокироти сулҳ бо фаластиниён ҷиддӣ мебошад. Барак Обама гуфт, умедвор аст, музокирот то охири моҳи сентябр аз сар гирифта мешавад, ки дар ин моҳ мораториуми шаҳраксозиҳои Исроил хотима меёбад. Раиси ҷумҳури амрико ҳамчунин аз тасмими ахири Исроил барои иҷозаи вуруди молу колои бештар ба Навори Ғазза ситоиш кард. Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин рад карданд, ки дар муносиботи дуҷонибаи онҳо рахна пайдо шудааст. Бенямин Нетаняҳу зимни мулоқот барномаҳои атомии Эронро хатари аслӣ ба амнияти Исроил хонда ва аз эъмоли таҳримоти тозаи Амрико алайҳи Эрон ситоиш кардааст.
XS
SM
MD
LG