Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди кӯдакони тоҷик ба Русияро иҷоза доданд


Мақомоти Русия амр додаанд, то вуруди кӯдакони то 6-солаи тоҷик ба ин кишвар дигарбора иҷоза дода шавад. Баъди хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, Русия дар як моҳи пеш вуруди атфоли то 6 солаи тоҷик ба қаламрави он кишварро мамнӯъ кард. Дар номаи Геннадий Онишенко, раиси “Роспотребнадзор”, муассисаи назорат бар сифати маводи ғизоӣ дар Русия, омадааст, омадааст, ки “ҳоло вазъи эпидемиологии фалаҷи атфол дар Тоҷикистон мӯътадил шудааст”, аз ин хотир маҳдудияти сафари кӯдакони тоҷикро метавон лағв кард. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, мегӯяд, дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 300 нафар ба бемории фалаҷи атфол мубтало шудаанд ва 15 нафар ҳам аз ин беморӣ фавтидааст. Баъди моякӯбӣ ва ё ваксинзании саросарии тақрибан се миллион нафар, тақрибан як моҳ аст, ки ягон мавриди сирояти беморӣ дар кишвар сабт нашудааст.
XS
SM
MD
LG