Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё иттиҳомот доир ба шиканҷаро таҳқиқ мекунад


Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, эълом кард, ки кишвараш гузоришҳо дар мавриди огаҳии хадамоти амниятӣ аз шиканҷаи муттаҳамон ба терроризм дар хориҷи Бритониёнро таҳқиқ хоҳад кард. Дейвид Кемерон ба вакилони порлумон гуфт, фурсати он расидааст, ки Бритониё ин иттиҳомотро тавзеҳ диҳад: "Ҳар қадар, ки ин суолҳо беҷавоб мемонад, ҳамон қадар эътибори кишвари мо, ки ба озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон бовар дорад, доғдор мешавад. Аз ин рӯ ман азм дорам, то умқи ончиро ки иттифоқ афтодааст, бидонам." Чанде аз шаҳрвандони покистонитабори Бритониё гуфтаанд, ки онҳоро дар боздоштгоҳҳои Покистон бо ҳамдастии маъмурони амниятии Бритониё азобу шиканҷа кардаанд. Оқои Кемерон гуфт, умедвор аст, таҳқиқи ин масъала то поёни соли равон шурӯъ хоҳад шуд. Мақомоти Бритониё мегӯянд, ҳеҷ гоҳ барои дарёфти иттилоъ касеро шиканҷа ва дигаронро низ ба ин кор ташвиқ намекунанд.
XS
SM
MD
LG