Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоил Исҳоқов: "Пулиси хориҷӣ самар нахоҳад дод."


Исмоил Исҳоқов, вазири муваққати дифоъи Қирғизистон, мегӯяд, ирсоли гурӯҳи пулиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ҷануби кишвараш самар нахоҳад дод. Гурӯҳе аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хостанд, то барои таъмини амният ба шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод, аз созмони мазкур нерӯҳои пулис фиристода шавад. Аммо Исмоил Исҳоқов, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, беҳтар аст, ба Қирғизистон таҷҳизот бидиҳанд ва ё дар барқарорсозӣ кӯмак намоянд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои пулиси хориҷӣ, ки забону расмҳои маҳаллиро намедонанд, чӣ гуна дар таъмини амният ва тамрини пулиси Қирғизистон метавонанд кӯмак кунанд. Дар низоъи миёни қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи гузашта тақрибан 300 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG