Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, омодаи гуфтӯгу бо Эрон аст, агар...


Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, омода аст бо Эрон ба сари барномаҳои баҳсбарангези атомиаш гуфтӯгу кунад, агар пешниҳоди Эрон барои бозгашт ба музокирот “ҷиддӣ” бошад. Пештар аз ин давлати Эрон гуфт, агар шартҳои ин кишварро бипазиранд, ҳозир аст, ба музокирот бо гурӯҳи панҷ бар иловаи 1 дар аввали моҳи сентябр баргардад. Ба гурӯҳи панҷ бар иловаи як, Бритониёву Амрико, Чину Русия ва Фаронса, аъзои доимии Шӯрои Амният ва Олмон шомиланд. Марк Тоннер, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе гуфт, “роҳи музокирот ҳамеша боз аст”. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, барои хотима додан ба душмании миёни ду кишвар ба Эрон пешниҳоди музокирот кардааст, вале ҳамзамон таҳримҳо алайҳи барномаҳои ҳастаии он кишварро афзоиш додааст.
XS
SM
MD
LG