Пайвандҳои дастрасӣ

Омӯзиши ислом дар ҷараёни таълими як ба яки устод ба шогирд дар миёни тоҷикон аз гузаштаҳои дур одат будааст. Дар давраи Шӯравӣ низ ин урф, ҳарчанд коҳиш ёфт, аз байн нарафт ва ҳампо бо таълими расмӣ дар мактаб буд.

Ҳар падару модар таълими динии фарзанди фарзанди худро қарзе медонист, ки зери хатари вокуниши бади давлат низ бояд ба ҷой орад.

Таълими ислом дар пушти дарҳо

Мардум ҳам пушти дарҳои баста намоз мехонд ва рӯза мегирифт. Духтарон назди, ба истилоҳ, бибиотунҳо таълим мегирифтанд. Баъд аз ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки дар зеҳни мардум бо ислом ва нерӯҳои исломӣ низ пайванд мегирад, муддате майли ошкоро ва афзоянда ба ислом ва таълими исломӣ дар кишвар коҳиш ёфт. Аммо вазъи имрӯза нишон медиҳанд, ки ҳама чиз тадриҷан ба маҷрои аввалааш бармегардад.

София яке аз муддарисонест, ки духтаронро дар хонааш таълими динӣ медиҳад. Вай мегӯяд, синну соли шогирдонаш мухталиф мебошад. Онҳоро волидайнашон барои омӯзиши ислом аз шаҳру навоҳии кишвар ба наздаш меоранд. Духтарони синни мактабӣ дар вақти таътили тобистона ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Вай гуфт: «Бисёри вақт дар хона ба шогирдон дарс мегӯям. Тадвиҷи Қуръон медиҳам, аз «Чаҳор китоб» дарсашон медиҳам, ки ҳамааш панду насиҳат барои ҷавонони имрӯза аст. Ба духтарҳо ба ғайр аз ин пӯхтупаз, хонадорӣ, роҳу равиши ҳаётро аз ҳадисҳо ривоят мегкунам, насиҳаташон мекунам..»

Хонум Сафия мегӯяд, ки ба шогирдон бидуни маош таълим медиҳад. Вай инро хидмат дар роҳи ислом ва Худованд медонад.
Ҳарчанд, ки таълим гирифтани духтарон дар назди чунин занони рушд кардааст, занони омӯзгор унвони муайяни устодӣ шабеҳи «домулло» ё «махсум»-ро надоранд.

Аз София мепурсам, ки аслан шуғли ӯро чӣ гуна ном мебаранд, масалан "бибиотун" ё "бибимулло"? «Не, ин хел намегӯянд, апа мегӯянд. Худам мегӯям, ки мударрис ҳастам», - ҷавоб медиҳад ӯ. Хонум София маълумоти олӣ надорад. Вай мегӯяд, ки солҳои 1990 аз муҳассилини мадрасаи исломии кишвар будааст. Аммо бинобар ҳаводиси ноороми он солҳо таҳсилро қатъ кардааст. Вай мегӯяд, ки аз хурдӣ дар назди домуллоҳои маъруфи маҳаллаашон таълимӣ динӣ гирифтааст. Имрӯз ҳамон андӯхтаҳояшро ба шогирдон меомӯзонад.

Духтарони мазҳабӣ ва касбҳои дунявӣ

Сомеа яке аз садҳо нафар шогирдони таълими инфиродии динист. Ҳоло ӯ 18 сол дорад ва аз хурдӣ дар назди занон дар хона таълими динӣ гирифтааст ва ҳоло ҳам мегирад. Сомеа мегӯяд, ки вай аз нӯҳсолагӣ ба омӯзиши ислом шурӯъ кард ва вақте аз синфи 7-ум бо сабаби доштани ҳиҷоб аз мактаб ронда шуд, бештар ба омӯзиши дину шариат машғул аст. Вай, мегӯяд, ки бо роҳнамоии модараш ба ин самт майл кардааст:

«Таҷвиди Қуръонро хонда наметавонистам. Хондани Қуръонро таҷвидӣ ёд гирифтам, ҳадисҳоро омӯхтам. Ман ҳардуро якҷо мехондам. Вақте аз мактаби миёна баромадам, танҳо таълими динӣ гирифтам. Мақсад дорам, илме, ки Худованд ба ман додааст, ба дигарон ҳам омӯзонам. »

Сомеа ҳам ният дорад, ки мисли устодонаш дониши худро ба дигарон омӯзонад. Аммо, ба фарқ аз устодон, Сомеа соҳиби касби дигар - дӯзандагӣ низ ҳаст. Талош дорад, ки ҳамшираи шафқат шавад, аммо надоштани Номаи камоли мактаби миёна ва риояи ҳиҷобаш моенаи расидани ӯ ба мақсад шудаанд.

Монанди Сомеа даҳҳо ва садҳо духтарони мазҳабии Тоҷикистон имрӯз ин мушкилро доранд. Аммо, Кумитаи навтаъсиси умури дин ва Маркази Шӯрои исломӣ, ки марбут аб ҳуқуқҳои мазҳабии мардуманд ва Вазорати маориф, ки масъулияти тарбияи хонандагонро дорад, ба ҳалли ин мушкил камар набастаанд ва худро нодида мегиранд.

Мактаби бидуни мизу курсӣ


Солҳои охир як теъдоди ками хонумон, ки таҳсилкардаи кишварҳои исломӣ ҳастанд, ба хусус Эрон ва Арабистони Саудӣ, дар хона ҳам ба духтарон на танҳо фиқҳи исломӣ, балки ҳамчунин хаттӣ арабӣ ва форсӣ меомӯзанд.

Дар Тоҷикистон мадрасаҳои исломӣ фаъолият доранд, аммо имкони фарогирии духтарон ба омӯзиш маҳдудтар аст. Онҳо ҳар сол як миқдори муайяни донишҷӯёнро бо таълим фаро мегирад. Бо сабаби камии ҷой ва нодории хонаводаҳо имкони таҳсили духтарон дар мадрасаи исломӣ маҳдуд аст.

Духтарон баъд аз хатми мадраса ва мактабҳои олӣ низ назди занон рафта, таълимоти динии хешро такмил мекунанд. Духтарони донишҷӯи дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки барномаҳои омӯзиши фанҳои исломӣ дар мадраса маҳдуд аст. Аз ҳамин сабаб онҳо маҷбур мешаванд, баъди хатм омӯзишро идома диҳанд.

Умеда имсол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон риштаи шарқшиносии арабиро хатм кард. Умеда, дар қатори он, ки дар хона ба духтарони навраси ҳамсояҳоя «Қоидаҳои бағдодӣ» ва хатти арабӣ меомӯзонад, ҳамзамон худаш дар назди хонуме аз «Қуръон» дарс мегирад.

Вай гуфт: «Ба духтарони ҳамсоя фақат хондани Қуръонро ёд медиҳам. Ман дар чанд ҷо дарс гирифтам. Як хел занҳо бо барнома, дигарон таҷвиду қоидаи Қуръон хонданро ёд медиҳанд. Занҳои дигар ҳадисҳоро меомӯзонанд. Шароит ҳам гуногун аст, дар рӯи курпача дарс медиҳанд, як хел занҳо дар хона доска ҳам доранд. Қуръон ҳамин аст, ки омӯхтӣ, ба дигарон омӯз. Мо ҳам бояд ба дигарон омӯзонем» .

Тавре Умеда гуфт, маъмулан духтарон дар назди бибиотунҳо дар хона бидуни мизу курсӣ таълими динӣ меомӯзанд. Одатан дар рӯйи кӯрпача. Ва синну соли онҳо низ гуногун аст.

Назорати «мактаб»-ҳои бибиотунҳо

Ду сол қабл Вазорати корҳои дохилии як намунаи таҳсили таълими инфиродии писаронро боздошт ва манъ кард. Писарони синну соли мухталиф дар назди марде таълими динӣ мегирифтанд, аммо дар шароити тоқатфарсо ва бидуни риояи тозагиву утоқи таълимӣ. Қобилҷон Бобоев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки кумиссиюни вижае бо намояндагӣ аз ҳукумат ҷиҳати таълими инфиродии динӣ дар хона назорат мебарад. Зеро ҳаргуна таълиму омӯзиш бидуни мувофиқа бо ниҳодҳои расмии исломии кишвар ва вазорати маориф метавонад боиси пайдо шудани ҷараёнҳои бегона гардад.

Ба гуфтаи ӯ, иллат ин аст, ки одатан дар ҷомеаи кишвар таълими инфиродӣ дар шароити ғайригигиенӣ ва бе барномаи мушаххаси таълимӣ ҷараён мегирад. Хонумҳое, ки духтаронро дар хона таълим медиҳанд, бояд зери назорат бошанд ва ё санади ихтисосӣ дошта бошанд. Чун тарбияи динӣ, ин тарбияи инсон аст.

Оғои Боев гуфт: «Дар баъзе хонаҳо духтарон қуръонхон мешаванд, бадӣнадорад, аммо хилофи қонун аст. Ҳукумат назора мекунад ва медонад, ки дар куҷо инфироди хонагӣ, ки таълим медиҳад. Хуб аст ин назорат то миёни мардум ихтилофи назарӣ ва мазҳабиву динӣ сурат нагирад».

Дар қонунҳои кайфарии Тоҷикистон гирифтани маълумоти нӯҳсола барои духтарон ҳатмӣ аст. Ҷалолиддин Амиров, намояндаи вазорати маориф, мегӯяд, ки ҳама гуна таълими инфиродии хонагие, ки ба таҳсили духтарон дар мактаби миёна халал расонад, хилофи қонун аст. Хонумҳое, ки дар хона ба таълимии динии духтарон машғуланд, аз мактаби омӯзгорӣ нагузаштаанд ва онҳо барои тарбияи насли солиму таълимии дурусти динӣ муваффақ намешаванд:

«Вазорати маориф дар пойи қонунҳои соҳаи хеш ҳамагуна таълими инфиродиро, ки монеи таҳсили наврасон дар мактабҳои миёна мегардад, хилофи қонун дар соҳаи маориф аст. Занҳое, ки худро «бибиотун», «домулобибӣ» мегиранд, вале ҳуҷҷати ҳуқуқи таълимдиҳиро надоранд. Мумкин онҳо мафкураи духтаронро насли наврасро бо саводҳои кофиву нокофии худ олуда кунанд. Ин масъалаи ҳасос аст».

Маҳмадулло Асадуллоев, сӯхангӯи вазорати корҳои дохилии кишвар, мегӯяд, ки нозирони минтақавӣ мактабҳои инфиродӣ ва хонагиро назорат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ ҳар навъ таълими инфиродие, ки боиси аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дур шудани духтарон ва писарон мегардад, ҷавобгарӣ дорад.

Киҳо ислом меомӯзонанд?


Воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон ин аст, ки мактабҳои инфиродии занона ба мисли мактаҳои динии мардона шакл нагирифтаанд. Барои намуна таълим дидани ҷавонписарон дар назди устодони обруманд тавсияномаест, ки роҳро барои фаъолиятҳои усодии онҳо боз мекунад. Маъруфияти занҳои мударрис ё "бибиотунҳо" маъмулан пушти парда мемонад ва обрӯи саросарии онҳоро таъмин немекунад.

Назира Набиева, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, ки зарфияти дониши динии занон ва роҳу равиши мударрисии онҳо, дар муқоиса бо домулло ва эшонҳо маҳдудтар аст. Домулло ва эшонҳо барои рушди ҷойгоҳи худ дар ҷомеъа аз минбарҳое ҳамчун масоҷид, мулоқот бо мардум ва аудиову видео истифода мекунанд. Занҳои исломӣ аз таҷриба дарканор мондаанд.

Ба гуфтаи Назира Набиева занҳои мударрис таълимоти диниро дар сатҳи хеле маҳдудтар омӯхтаанд ва асосан ба чанд рукни дини ислом ба мисли рӯзадорӣ, намозхонӣ, сатрпӯшӣ ва монанди инҳо маҳдуд шудаанд. Ҷомеъашинос таълими зеризаминии насли наврасро барои ҷомеъа хатарзо унвон мекунад.

Вай гуфт: «Ба ҳар сурат бояд, ки аз тарафи ниҳоде назорат бошад то онҳо куҷоро тамом карданд ва куҷо сабақ гирифтанд ва сазовори тарбияи насли наврас ҳастанд. Шояд инҳо хатмкардаи мадраса ҳастанд, шояд не. Ё танҳо бо форсӣ китобҳои мусулмониро мехонанд ва дигар худашонро устод метарошанд. Чун мардуми мо ба шахсе, ки худашро рӯҳонӣ мегирад, сахт эҳтиром дорад.»

Хонум Набиева мегуяд, танҳо омӯзиши динӣ маърифату саводнокии занҳоро таъмин намекунад. Зиндагӣ танҳо аз тоату ибодат иборат нест. Дар қатори таълимоти дини занҳо бояд аз илмҳои дунявиӣ ҳам бархурдор бошанд ва касб омузанд. - мегуяд ҷомеъашинос Назира Набиева. Зеро табиист, ки, мегӯяд хонум Набиева ва мефазояд "Майли духтарони тоҷик ба улуми динӣ дар ростои таҳоҷуми фарҳангии хориҷӣ бадӣ надорад, аммо тазод дар ин аст, ки таълими динии занон ба фарқ аз мардон сусту пароканда аст ва дар ниҳояти амр боиси боз нақзи ҳаққи онҳо мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG