Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Путин ба таҳаввулоти нав дар Қафқози Шимолӣ


Сарвазири Русия, Владимир Путин, имрӯз тадобири нави рушди иқтисодии минтақаи ноороми Қафқози Шимолиро эълон дошт. Вай аз раҳбарони маҳаллӣ даъват кард, барои коҳиши бекорӣ ба ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ мутаваҷҷеҳ шаванд. Вай ҳатто даъват кард, ки сарварон бештар ба фаъолони ҳуқуқи башар гӯш диҳанд. Вай гуфт, аксаран мардуме, ки ҳуқуқаш поймол шудааст, ба девори бетафовутӣ, сукути асроромез ва ришват бармехӯранд. Русия бар ин аст, ки ошӯбгариҳои исломӣ дар ин ҷо аз фақр, бекорӣ ва фасод маншаъ мегиранд.
XS
SM
MD
LG