Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти размандагони собиқи ИНОТ аз мақомот


Зариф Раҳимов ва Носирҷон Шумқоров, размандагони собиқи ИНОТ

Зариф Раҳимов ва Носирҷон Шумқоров, размандагони собиқи ИНОТ

Ду нафар аз размандагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик иддао доранд, ки кормандони Вазорити умури дохилии Тоҷикистон онҳоро беасос боздошт ва шиканҷа кардаанд.

Зариф Раҳимов ва Носирҷон Шумқоров, размандагони собиқи ИНОТ, мегӯянд, онҳоро 30 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар кӯча боздошт кардаанд.

Ба қавли Раҳимов, кормандони раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар бинои вазорат ӯ ва бародарзодааш Носирҷонро бидуни овардани далел бо ҳақорату дашном мавриди латтукӯб қарор додаанд.

Оқои Раҳимов мегӯяд: «Маро бурданд, дар таҳхона шинонданд. Гуфтанд, куртаатро бикаш. Куртаамро кашидам. Танаи луч кардам. Шиму попӯшиҳоямро кашидам. Бо як таҳпӯш мондам. Гуфтанд, ба зону шин. Ба зону нишастам. Ба дастонам завлона заданд. Чизеро ба монанди тобдиҳак, чизи барқиро, ки ранги барои хати телефон бошад, тоб доданд. Аз дард ба замин уфтодам. Фишорро баланд мекарданду ман тоб мехӯрдам...»

Ривояти ҷабрдидагон

Оқои Раҳимов мегӯяд, ин ҳама латтукӯб ба он хотир будааст, ки кормандони раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, маъруф ба «шашум отдел» ё «шӯъбаи шашум» дар оғоз аз ӯ тақозо кардаанд, ки нигаҳдории силоҳи оташфишонро ба гардан гирад. Аммо вақте ӯ ба гардан нагирифтааст, дигар тақозоҳоро пеш овардаанд, аз ҷумла тиҷорати маводи мухаддир, бо худ доштани шиносномаи ҷаълӣ ва дар охир ном бурдани ягон нафареро, ки дар тиҷорати маводи мухаддир даст дорад.

Носирҷон, бародарзодаи Зариф, мегӯяд, онҳо аз 30 апрел то 1 май мавриди шиканҷа қарор доштанд ва ҳангоми раҳоӣ амакаш ба як маризи рӯҳӣ монанд буд. Вай мегӯяд, худашро низ се соат латтукӯб карданд, то низ доштани силоҳ ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуногунро ба зимма гирад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарду размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик будаанд, ки моҳи майи соли 1998 силоҳҳояшонро супорида, дар қатори 5 300 нафар бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон авф шудаанд.

Носирҷон мегӯяд: «Ҳамчунон заданд, ки ман аз ҳуш рафтам. Ба қабурғаҳоям заданд. Бисёр азоб доданд. Ҳақоратҳои сахттарин дар ҳаққи мо карданд. Гуфтанд, ту дар вақташ муҷоҳид будӣ. Ман гуфтам, бале, аммо бо кафолати ҷаноби олӣ яроқҳоямонро супоридем ва, алҳамдулиллоҳ, 13 сол аст, ки амну осоишта гашта истодаем. Гуфтанд, ки ҳеҷ хел афв барои шумо вуҷуд надорад, ин афвҳо ҳама дурӯғ аст. Афв барои шумо ягон хел кифоя намекунад. Ин ҷо хуҷаин моем. Мо шуморо чи хеле, ки хоҳем, ҳамин хел мезанем, шиканҷа медиҳем. Мурдаи Ленинро ҳатто ба гардан мегирӣ. Ҳар чӣ мо гӯем, гуноҳҳоро менависӣ ва мо бурда шуморо зиндонӣ мекунем. Ба умеди авфи президент нашавед».

Муфаттиш: «Масъалаи латтукӯб дар таҳқиқи мо набуд»

Баъд аз ду рӯзи боздошт кормандони вазорати корҳои дохила Зариф Раҳимов ва Носирҷон Шумқоровро ба Додситонии кулл интиқол доданд.

Баҳодур Раҷабов, муфаттиши калони корҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо дар ҳайати гурӯҳи ғайриқонунии Намоз Қурбоналиев хизмат мекарданд ва дар як қатор ҷиноятҳо даст доштанд, аммо алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нашуд, ба он хотир ки дар рӯйхати авфи Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз соли 1998 қарор доранд.

Оқои Раҷабов дар посух ба ин суол, ки оё латукӯби онҳо низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, гуфт:

«Масъалаи латтукӯби онҳо дар таҳқиқи мо набуд, зеро вақте онҳоро оварданд, гуфтанд, ки онҳоро касе латтукӯб накардааст. Худашон нақл карданд, ки дар ҳақиқат ҷиноятҳо содир карда будаанд. Баъд худамон аниқ кардем, ки инҳо дар рӯйхати 5 300 нафараи размандагони авфшудаи собиқ ИНОТ будаанд. Баъд аз се соат бозпурсӣ онҳоро ҷавоб додем. Дар масъалаи латукӯб шуданашон инҳо баъд аз чанд рӯз муроҷиат кардаанд, яъне ариза навиштанд, ки онҳоро латукӯб кардаанд».

Аммо оқои Раҷабов дар мавриди қазияи баррасии аризаи ҷабрдидагон то куҷо кашидааст, изҳори бехабарӣ кард. Зариф Раҳимов ва Носирҷон Шумқоров мегӯянд, Додситонии кулл аризаро баррасӣ карда, ба хадамоти амнияти дохилии Вазорати корҳои дохила ирсол кардааст ва онҳоро масъулини ин ниҳод даъват карда, мавриди пурсиш қарор додаанд. Онҳо аз муносибати ҳирфаии ин ниҳод изҳори қаноатмандӣ карданд.

Шикоятҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо

Сергей Романов, корманди Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, дар мавриди шиканҷа одамони зиёд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят кардаанд, ки умдатан барои даст ёфтан ба иқрор сурат гирифтаанд. Вай афзуд, дар мавриди шиканҷаи собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик соли 2008 модари як разманда муроҷиат карда буд, ки ин шикоят ба Додситони кулл ироа шуд, аммо ба ҳол посухе нест.

Мавҷудияти шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати боздоштшудагон аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳолест, ки парлумони ин кишвар соли 1995 ба Эъломияи СММ алайҳи шиканҷаву бадрафториро ба тавсиб расондааст. Ҳукумати Тоҷикистон аз беҳбуди вазъ дар ин самт сӯҳбат мекунанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар дар ин масъала ин кишварро мавриди интиқод қарор медиҳад.

Абдуқаюм Юсуфов, коршиноси масоили ҳуқуқ мегӯяд, дар қиёс бо солҳои қабл вазъият беҳбуд ёфтааст, аммо барои ҳалли мушкил ҳоло роҳи шикоятҳои сокинони Тоҷикистон бояд ба додгоҳҳои байнулмилалӣ боз шавад:

«Ҳозир дар сатҳи ҷумҳурӣ сораҳое андешида мешаванд, ки Тоҷикистон низ протоколи дуввуми факултативиро ба Эъломияи СММ алайҳи шиканҷаву бадрафторӣ имзо кунад ва аъзои он шавад. Зеро ки дар асоси он шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд ба Кумитаи СММ оиди шиканҷаву бадрафторӣ шикоят кунанд. Ин дар сатҳи байналхалқӣ. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон фақат як модда дар бораи ҷавобгарӣ барои латукӯю ва азоб додан мавҷуд асту халос. Барои дигар корҳо моддаҳои сӯистифода аз мансаб ё баромадан аз ваколатҳои хидматӣ истифода мешаваду тамом».

Коршиносон мегӯянд, бо ин вуҷуд ҷабрдидагон бояд худ хомӯш нанишаста, ба сатҳҳои баланди ҳукумат муроҷиат кунанд ва роҳи дигарро коршиносон дар сангинтар кардани ҷазо алайҳи шиканҷаву бадрафторӣ тариқи қонунгузорӣ мебинанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG