Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ҳабси дарозмуддати писарон ва хешони Мирзо Зиёев


Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як муҳокимаи паси дарҳои баста писарони вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ ва собиқ фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсюни тоҷик, Мирзо Зиёев -- Саидаҳмад ва Муҳаммадризоро дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, нигаҳдошти силоҳу муҳимот ва талоши ғасби қудрату тағйири низом муҷрим дониста, якеро ба 30 ва дувумиро ба 28 сол аз озодӣ маҳрум кард. Як сокини ноҳияи Тавилдара бо номи Маҳмад ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони дигари Зиёев низ боздошт ва маҳкум шудаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар маҷмӯъ парвандаи 49 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои тобистони соли гузашта дар шарқи кишвар баррасӣ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон дар поёни соли гузашта аз боздошти ин афрод хабар дода, гуфта буданд, худи Мирзо Зиёев, дар ҳоле ки ҳамроҳ бо ҳарбиёни давлат мехост, норозиёнро ба сулҳ даъват кунад, аз сӯи ҳаммаслаконаш ҳадафи кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG