Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи парвозҳои "Эрон Эйр" бар фарози Аврупо


Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ҳамчун тадбири амниятӣ парвози аксари ҳавопаймоҳои ширкати "Эрон Эйр"-ро бар фарози 27 кишвари узваш манъ кардааст. Сухангӯи Кумиссюни Аврупо ҳама гуна пайванди ин иқдомро бо таҳримҳои алайҳи барномаи ҳастаии Эрон рад кард ва гуфт, Бунгоҳи аврупоии амнияти ҳавонавардӣ пас аз бозрасӣ бо иттифоқи оро тасмим гирифт, маҳдудияти мавҷудаи парвозро ба ҳавопаймоҳои Эйрбас А320, Боинг-727 ва Боинг-747-и ширкати "Эрон Эйр" густариш диҳад. Парвози 23 ҳавопаймои дигари ин ширкат дар ҳарими ҳавоии Аврупо идома хоҳад кард. Феҳрасти маҳдудияти парвоз дар Аврупо 282 ширкати асосан африқоӣ ва осиёиро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG