Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноибони Отунбоева ба истеъфо мераванд


Омурбек Текебоев, ноиби Роза Отунбоева дар ҳукумати муваққати Қирғизистон, истеъфо дод. Ӯ гуфт, ба манзури ширкат дар интихоботи порлумонӣ маъмурияти худро дар ҳукумат қатъ мекунад.

Текебоев гуфт, ба далели намояндагияш аз Қирғизистон дар нишасти иттиҳодияи парлумонии Аврупо, то рӯзи 12 июн ҳамчунон вазифаи худро иҷро хоҳад кард.

Ноибони дигари Роза Отунбоева, Темир Сариев ва Азимбек Бекназаров, ҳамчунин вазири дифоъ ва вазири дохилаи Қирғизистон низ ба истеъфо хоҳанд рафт.

Аммо Алмосбек Атамбоев, ноиби аввали Роза Отунбоева, эълом дошт, ки дар интихоботи парлумонӣ ширкат намекунад ва истеъфо намедиҳад.

Дар роҳбарии ҳукумат танҳо мондани Роза Отунбоева як идда соҳибназарони қирғизро нигарон кардааст.

Қубаничбек Омуралиев, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, дар ин давра раиси ҷумҳури кишварашро лозим аст, ки кадрҳои шоиста, соҳибмаълумот ва аз нигоҳи сиёсӣ нерӯмандро ба умури ҳукумати худ ҷалб кунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки аксарияти аъзои ҳукумати Роза Отунбоева барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ ба истеъфо мераванд, фақат ба дӯши Роза Отунбоева вогузоштани масъулияти идора кардани давлат кори дуруст нест.

Роза Отунбоева танҳо хоҳад монд?

Изҳороти баъзе ноибони Роза Отунбоева, ки гуфтаанд, бо вуҷуди ширкат дар интихоботи парлумонӣ раиси ҷумҳуриро танҳо намегузоранд, боиси баланд шудани сару садоҳои мухталиф низ гардид.

Одил Байсалов, яке аз сиёсатмадорони ҷавони қирғиз, мегӯяд, ин суханҳои ба истилоҳ илтифотомез марбути касонест, ки аз лаззати ҳукумат баҳра бурдаанд. Ба таъкиди Одил Байсалов ин афрод намехоҳанд, ки мазаи даҳонашонро аз даст диҳанд ва дар ду саҳна бозиро давом доданианд.

Оқилбек Сариев, раиси комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон гуфт, дар интихоботи парлумонӣ аҳзоби зиёди сиёсӣ барои ҳар як курсии парлумонӣ байни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҷои шубҳа нест, ки ин аҳзоб тамоми имкониятҳои худро барои ишғоли курсиҳои парлумонӣ равона мекунанд ва баъзе нигарониҳо дар мавриди дар фазои амну субот баргузор шудани ин интихобот вуҷуд дорад.

Маъракаи тарғиботи барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсии Қирғизистон 10 июл шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG