Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хоруғ ришдоронро интихоб мекунанд


Абру Алимардонов, яке аз номзадҳо барои бозигарӣ дар филми Стефан Рибожад

Абру Алимардонов, яке аз номзадҳо барои бозигарӣ дар филми Стефан Рибожад

Коргардони ширкати филмсозии фаронсавии «Momento» Стефан Рибожад дар Хоруғ ба интихоби бозигарон дар филми нави худ машғул аст. У, ки мехоҳад дар Бадахшон як филми ҳунарӣ ба навор бардорад, мегӯяд, аз майдонҳои наворгирӣ дидан карда ва бовар дорад, ки филми диданиеро таҳия ва пешкаши мухлисон мекунанд.

Ба гуфтаи коргардон омодагиҳо барои наворбардории филм ҷарён дошта, ба навор бардоштани филм моҳи октябр дар Хоруғ ва навоҳии Ишкошим ва Роштқалъа шурӯъ мешавад.

Филм оид ба тақдири ду журналист, яке афғону дигаре фронсавӣ, ки дар Афғонистон ба дасти Толибон асир меафтанд, талоши гурӯҳи таъиноти махсуси фронсавӣ барои озод намудани асирон ва ишқу дустии журналисткаи франсуз, бо яке аз хизматчиёни гурӯҳи таъинот хос нақл мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Хоруғ кастинг барои ҷавонони ришдор, ки дар филм нақши толибонро бозӣ мекунанд, идома дорад.

Бунёд Мамадлоиқов, як ҷавон аз ноҳияи Шуғнон мегӯяд, ҳангоме, ки ӯ аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашт, риши сиёҳи ғафс ва дарозаш таваҷҷӯҳи ҳамаро ҷалб мекард. Ӯ афзуд, ки аммо чанд ҳафта қабл туй карда ба хотири арӯсаш маҷбур шудааст, ришашро тарошад ва акнун аз имконияти ширкат дар филм ва сарчашмаи даромад маҳрум гардидааст.

"Риш бекорӣ ба кор омад"

Ба гуфтаи Нурулло, як сокини дигари Хоруғ, ӯ аз кастинг гузашт ва акунун ҳамсолонаш ба ришҳояш, ки қаблан мавриди писханд ва тамасхур қарор медоданд, ҳасад мебаранд.

Ба гуфтаи коргардон дар баробари ҷавонон лаёқатманд барои иҷрои нақш, онҳо ҳунармандони маҳаллиро низ ҷалб мекунанд. Ба гуфтаи коргардон дар филм гурӯҳи Толибон бо сарвари маҳаллиашон нақш дошта, барои лидери Толибон дар филм ҷой боқӣ нагузоштанд.

Коргардон мегӯяд, ки тавассути филм ҳамчунин табиати зебо ва кӯҳҳои боҳашамати Помир ба бинандагон муаррифӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Стнефан Рибожад, даҳ сол қабл, чунин як филмро онҳо дар як мавзеъи Қазоқистон ба навор гирифтаанд ва пасон дар он маҳал 120 филми дигар ба навор гирифта шуданд.

Аммо алҳол кастинг дар Хоруғ идома дошта, ҷавонони зиёди ришдори дигар орзу доранд, ки дар филм бозӣ кунанд ва аз ришашон фоидаи молӣ ба даст биёранд.
XS
SM
MD
LG