Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо "Большой шлем" («Тоскулоҳи бузург») дар шаҳри Маскави Русия ноком шуданд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ дар Қасри варзиши «Мегаспорт»-и пойтахти Русия байни мардону занон бо ширкати 500 гуштигир аз 54 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар таърихи мусобиқа ин натиҷаи рекордист. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳои зиёди рейтингӣ шуданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои кишвар 8 нафар мардон шомил буданд: Хушбахт Қурбонмаҳмадов (вазни то 60 кг), Ҷамшед Халилов (то 60 кг), Довуд Солеҳов (то 66 кг), Фарҳод Раҳимов ( то 81 кг), Шералӣ Бозоров (то 90 кг), Умед Ҳасанбеков (то 90 кг), Муҳаммад Абдураҳмонов (то 100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг).

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, 6 паҳлавони тоҷик дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Ду нафари дигар – Довуд Солеҳов ва Муҳаммад Абдураҳмонов бошанд, дар нахустин рақобати худ бар рақибонашон дастболо шуданд, вале ҳарду дар даври баъдӣ мағлуб гаштанд.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ дар ин мусобиқа Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва сабқати ҷаҳонӣ, ба далели табобат ширкат накард.

Дар сабқати мардон дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Русия ғолиб шуд. Дастаи Ҷопон ҷои дуввум ва бразилиҳо ҷои севумро касб карданд.

Ғолибони мусобиқаи байналмилалии дзюдо "Большой шлем" («Тоскулоҳи бузург»)

Сабқати мардон

-60 кг
1. Ришод СОБИРОВ (Узбакистон)

2. Жероен МУРЕН (Нидерланд)
3. Амартувшин ДАШДАВА (Муғулистон)
3. Элио ВЕРДЕ (Итолиё)

-66 кг
1. Мӯсо МОГУШКОВ (Русия)

2. Жу Жин КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Олим ГАДАНОВ (Русия)
3. Миклос УНГВАРИ (Маҷористон)

-73 кг
1. Бенжамин ДАРБЕЛЕ (Фаронса)

2. Гуи Ман БАНГ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Ясухиро АВАНО (Ҷопон)
3. Бруно МЕНДОНСА (Бразил)

-81 кг
1. Иван НИФОНТОВ (Русия)

2. Дае Нам СОНГ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Оле БИШОФ (Олмон)
3. Флавио КАНТО (Бразил)

-90 кг
1. Такаши ОНО (Ҷопон)

2. Даики НИШИЯМА (Ҷопон)
3. Каролис БАУЗА (Литва)
3. Дилшод ЧОРИЕВ (Узбакистон)

-100 кг
1. Лучиано КОРРЕА (Бразил)

2. Тоҳир ҲАЙБУЛЛОЕВ (Русия)
3. Такамаса АНАИ (Ҷопон)
3. Терри ФАБРЕ (Фаронса)

+100 кг
1. Ислом- ал- ШАҲОБӢ (Миср)
2. Барна БОР (Маҷористон)
3. Станислав БОНДАРЕНКО (Укроин)
3. Су Ван КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
XS
SM
MD
LG