Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози баҳси ҳиҷоб дар порлумони Фаронса


Порлумони Фаронса имрӯз тарҳи манъи ҳиҷоби комил дар ҷойҳои ҷамъиятиро баррасӣ мекунад. Тарафдорони қонунгузорӣ мегӯянд, ҳиҷоб ва ниқоб дар ҷойҳои оммавӣ хилофи ормонҳои дунявият ва баробарии ҷинсӣ дар ҷумҳурии Фаронсаанд. Мухолифони тарҳ бар инанд, ки танҳо як бахши маҳдуди занони мусулмон ниқоб ва бурқа мепӯшанд ва манъи он хилофи ормонҳои озодии инсон аст. Фаронса аллакай ҳиҷоб ва рамзҳои мазҳабиро дар мактабҳо манъ кардааст. Палатаи поёнии порлумон рӯзи 13-уми июл раъйи худро дар бобати ин тарҳ рӯшан мекунад. Дар ҳоли тасвиб шуданаш он ба палатаи болоӣ, Сенат, фиристоде шуда, моҳи сентябр баррасӣ хоҳад гашт. Фаронса, ки хонаи бузургтарин ҷомеаи 5-миллионнафарии Аврупост, баъд аз Белгия, кишвари дувум аст, ки ба манъи ҳиҷоб иқдом мекунад.
XS
SM
MD
LG