Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хабари радди сӯхт ба ҳавопаймоҳояшрро такзиб кард


Эрон хабарҳоро, ки гӯё бархе аз кишварҳо зимни таҳримҳои Созмони Милал ба ҳавопаймоҳои мусофирбараш сӯзишворӣ надодаанд, рад кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст имрӯз гуфт, нашри ин хабар бахше аз ҷанги таблиғотии зидди Эрон аст. Рӯзи душанбе хабаргузории ИСНА ба нақл аз дабири Иттиҳодияи ҳавонавардии Эрон Меҳдӣ Алиёрӣ гузориш дод, ки фурудгоҳҳои Бритониё, Олмон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз додани сӯхт ба ҳавопаймоҳои мусофирбари Эрон худдорӣ кардаанд. Мақомоти расмии ҳарсе кишвар ин иддаъоро рад карданд.
XS
SM
MD
LG