Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари як мақоми баландпояи Эрон ба Душанбе


Раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон ва сарвари Шӯрои эрониҳои хориҷ аз Эрон, Исфандиёр Раҳими Машоӣ рӯзи якшанбеи оянда бо сафари кории дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Қарор аст ӯ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Оқил Оқилов ва сарони бархе аз вазорату идораҳои Тоҷикистон роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Машоӣ ба Тоҷикистон қарордоди бунёди "Хонаи Эрон" ба имзо расад. Ҳамчунин ӯ дар расми ифтитоҳи сабқати паҳлавонон барои Ҷоми Абулқосими Фирдавсӣ ширкат хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аввали моҳи гузашта ба Душанбе сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG