Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Обама ва Нетаняҳу дар Вошингтон


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз дар Вошингтон сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро ба ҳузур мепазирад. Қарор аст, гуфтушунид ба талошҳои эҳёи музокироти рӯбарӯи ҳайатҳои Исроил ва маъмурияти худгардони Фаластин тамаркуз ёбад. Фаластиниҳо баъд аз шурӯи амалиёти ҳарбии Исроил дар Навори Ғазза дар соли 2008 гуфтушунидро қатъ карданд. Дар арафаи сафари Нетаняҳу ба Вошингтон, Исроил эълон кард, ки ба интиқоли ғизо ва амволи бештар ба Ғаззаи муҳосирашуда иҷоза хоҳад дод. Обама ва Нетаняҳу ҳамчунин барномаи тазодомези ҳастаии Эронро низ баҳс хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG