Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Тоҷикистон писарони вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ Мирзо Зиёев -- Саидаҳмад ва Муҳаммадризоро дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи кишвар, муҷрим донист ва онҳоро аз рӯи чор банди Қонуни кайфарӣ мутаносибан ба 30 ва 28-солӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Тибқи парвандаи нооромиҳои тобистони соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ дар маҷмӯъ баррасии парвандаи 49 нафарро ба анҷом расонидааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сокинони деҳаи Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара, ки ба мулоҳизоти амниятӣ нахост номашро ифшо кунад гуфт, дар миёни айбдоршавандаҳо, инчунин бародари Мирзо Зиёев - Шайх Абдусамад ва яке аз хешовандонаш бо номи Бобои Маҳсиддин низ ҳастанд.

Ҳамчунин ду қафқозии чечентабор дар ин парванда шомил ҳастанд ва тақрибан 6 нафари дигари онҳо сокинони ноҳияи Панҷи Тоҷикистон мебошанд. Ҳудуди сӣ нафари дигар аз деҳаҳои Хоҷа ихлос, Ҳафтчароғ ва Чилдараи минтақаи Тавилдара ҳастанд, ки пас аз норомиҳои дар минтақи Тавидара ва баъд аз кушта шудани Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсияи тоҷик, боздошт шуда буданд.

Парвандаи Мирзо Зиёев

Бозрасии парвандаи ҷиноии Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирории Тоҷикистон, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи аршади нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони тоҷик буд, аз сӯи муфаттишони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон анҷом шудааст.

Аммо хабари хатми таҳқиқи ин қазия тавассути Юсуф Юсуфзода, корманди додсистонии кулли Тоҷикистон ва аз тариқи шабакаи аввали телевизони ин кишвар дар шоми рӯзи 14-уми декабр мунташир шуд.

Оқои Юсуфзода изҳор дошт, ки таҳқиқи ин парванда бомуваффақият анҷом ёфта ва дар ҷараёни тафтиш 49 тан аз ҳамроҳони Мирзо Зиёев бо шумули атбои Русия ва Узбакистон дастгир шудаанд.

Тафтишот мегӯяд, Мирзо Зиёев ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Неъмат Азизов, бо ташкили як иттиҳоди мусаллаҳи ҷиноӣ қасд доштаанд, ки бо истифода аз зӯр ва силоҳ ҳокимият дар Тоҷикистонро ба даст оваранд. Вале ба ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар тобистони соли ҷорӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Тавилдара Мирзо Зиёев боздошт мешавад. Аммо ба таъйиди манобеи расмӣ, баъди боздошт Мирзо Зиёев, аз сӯи ҳаммаслакони худаш ҳадафи тир қарор гирифта ва кушта шудааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG