Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар марҳилаи даҳуми мусобиқаи даъвати ҷаҳонӣ дар пойтахти Испониё – шаҳри Мадрид медали тилло ба даст овард.

Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро касб кард. Ин натиҷа барои ин мусобиқа натиҷаи рекордист.

Либор Чарфрейтаг, аз Словакия, бо натиҷаи 78 метру 40 сантиметр дуввум шуд. Парс Крижтиан, аз Маҷористон, бо натиҷаи 78 метру 23 сантиметр дар ҷои севум қарор гирифт.

Бояд таъкид кард, ки ин панҷумин медали тиллои Дилшод Назаров дар мусобиқоти имсола ба шумор меравад. Вай нахуст дар сабқати силсилаи «IAAF World Challenge»-2010 дар шаҳри Осакои Ҷопон, моҳи май дар ду мусобиқи пурнуфуз бо номи GR CAIXA Unitor de Atletismo» дар шаҳрҳои Форталеза ва Рио-де - Жанерои Бразил ва моҳи июн дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук «Moscov Open-2010» дар шаҳри Маскави Русия бо медалҳои тилло сарфароз шуда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG