Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия таҳдид ба қатъи равобит бо Исроил кардааст


Аҳмад Довудоғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия, гуфтааст, агар Исроил барои юриши маргбораш ба киштии кӯмакрасони Навори Ғазза узр нахоҳад, Туркия равобиташ бо Исроилро қатъ хоҳад кард. Ду рӯзномаи туркӣ, аз қавли Аҳмад Довудоғлӯ навиштаанд, Исроил се интихоб дорад, ё узр бихоҳад, ё ба таҳқиқи байналмилалии юриш иҷоза диҳад, ва ё равобити дипломатӣ бо он қатъ хоҳад шуд. Бори аввал аст, ки Туркия чунин ошкор таҳдид кард, ки равобиташ бо Исроилро қатъ мекунад. Авигдор Либерман, вазири умури хориҷаи Исроил гуфтааст, кишвараш нияти узрхоҳӣ надорад.
XS
SM
MD
LG