Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Роза Отунбоева аз эҳтимоли бурузи низоъҳо


Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ҳушдор дод, ки хатари бурузи низоъҳои нав дар кишвараш вуҷуд дорад. Хонум Отунбоева ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ”авзоъ ҳоло нисбатан ором аст, аммо шояд нооромиҳои дигаре сар бизанад”. Дмитрий Медведев гуфтааст, ки Қирғизистон метавонад ба ҳимояти Русия такя кунад. Бар асари низоъҳои қавмӣ миёни қирғизи ӯзбакҳо дар ҷануби Қирғизистон дар аввали моҳи июн дасти кам 294 нафар ҳалок шуд. Роза Отунбоева бо Дмитрий Медведев, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Остона мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG