Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои нахуствазири Покистон аз пешвоёни мазҳабӣ


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, аз аҳзоби сиёсӣ ва пешвоёни мазҳабӣ хост, дар амри мубориза бо тундравони исломӣ ба давлат ва артиши ин кишвар кӯмак кунанд. Ӯ зимни суханронӣ мулоқоте бо раҳбарони баландпояи ҳукумат ва вилоятҳои Покистон хостори баргузории як конфронси миллӣ барои тарҳрезии стротежии мубориза бо терроризм дар Покистон шуд. Панҷ рӯз пештар аз ин ду бомбгузори маргталаб бо ҳамла ба як маъбади сӯфиён дар шаҳри Лоҳури Покистон, 42 нафарро кушта ва 175 тани дигарро маҷрӯҳ карданд.
XS
SM
MD
LG