Пайвандҳои дастрасӣ

Коморовскӣ - раисиҷумҳури нави Лаҳистон интихоб шуд


Бронислав Коморовскӣ раисиҷумҳури Лаҳистон интихоб шуд. Тибқи натоиҷи ниҳоии раъйдиҳӣ, ки 4 июл баргузор шуда буд, аз Коморовскӣ 53 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Рақиби ӯ - номзад аз ҳизби “Ҳуқуқ ва адолат” Ярослав Качинскӣ тақрибан 47 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст.
Зимнан, Ярослав Качинскӣ ҳанӯз субҳи рӯзи душанбе бохти худ дар ин маъракаи интихоботиро эътироф карда буд. Ёдовар мешавем, Ярослав - бародари раисиҷумҳури пешин Лех Качинскӣ мебошад, ки 10 апрели соли равон ҳамроҳ бо хонумаш ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расида буд.
Қарор аст рӯзи савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Лаҳистон ба зудӣ эълон шавад.
XS
SM
MD
LG