Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: ИМА ба якпорчагии Гурҷистон арҷ мегузорад


ИМА ба якпорчагии қаламрави Гурҷистон арҷ мегузорад. Изҳороти Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар ин бора баъд аз музокироташ бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар Тифлис пахш шуд. Ӯ ҳамчунин аз тасмими Русия барои бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ изҳори нигаронӣ кард. Аз ин пеш хонум Клинтон гуфта буд, ки Вошинтон ҳеҷ гоҳ бо забти ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон аз сӯи Русия муросо нахоҳад кард.
Рӯзи якшанбе ҳангоми боздидаш аз Озарбойҷону Арманистон, вазири умури хориҷии ИМА аз ин ду кишвар хостори ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл кардани дигар мушкили Қафқоз - қазияи Қарабоғи кӯҳӣ шуда буд. Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Ереван ӯ гуфт, ки ИМА барои кумак дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа омода аст.
Сафари панҷрӯзаи Ҳилларӣ Клинтон ба Аврупои шарқӣ ва Қафқоз поён меёбад. Ӯ қаблан бо мақомоти Украина ва Лаҳистон ҳам дидору гуфтугӯ карда буд.
XS
SM
MD
LG