Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳроми Абубакр чаҳор соли пеш рӯи саҳнаи ҳунар омад. Аваллин оҳангро бо ҳамовозии падараш Абӯбакри Азиз, овозхони гурӯҳи овозадори «Анис» иҷро кард ва дигар натавонист аз ҷаҳони мусиқӣ канор равад.

Шаҳром дар хонаводаи Азизовҳо - овозхонони гурӯҳи шӯҳратёри «Анис» ба дунё омадаву ба воя расид. Аъзои ин гурӯҳ, ки иборат аз панҷ бародар буданд, нахуст ба тиҷорат машғул буданд ва баъдан ба ҷаҳони мусиқӣ пайвастанд. Пасон фарзандони панҷ бародарон, ки ба овозхонӣ алоқамандии зиёде доранд, шомили гурӯҳ шуданд ва дар якҷоягӣ чанд албоми оҳангҳояшонро сабт намуданд.

Шаҳром аз хурдӣ орзӯи тоҷир шуданро дошт ва ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои кишв ар аз рӯи ҳамин ришта таҳсил мекунад. Вай мегӯяд, аз ягон мактаби мусиқӣ нагузаштааст, истеъдоди сурудхониро дар ӯ устод ва амакаш шодравон Зулфиқори Азиз бедор кардааст. Ва шояд таъсири ҳамин муҳити эҷодӣ ва ҳамчунин истеъдоди модарзодӣ буд, ки имрӯз садои Шаҳром дар қалбҳои ҳаводорони наво ҷо гирифтааст.

Оҳанге, ки исми Шаҳромро ба шунаванда муаррифӣ кард ва тайи муддати дароз сершунаванда маҳсуб меёфт, “Фариштаҷон” буд, ки соли 2006 суруда шуд. Пас аз ин Шаҳром оҳангҳои зиёди дигарашро низ барои ҳаводоронаш пешниҳод намуд.

Шаҳром ҳамагӣ 21 сол дорад ва то имрӯз чаҳор албоми худро ба бозор ироа кардааст. Ва мехоҳад барномаи ҳунарияшро дар алоҳидагӣ аз гурӯҳи “Анис” баргузор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG