Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоло дар тамоми донишгоҳҳои олии кишвар марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳо идома дорад ва даҳҳо ҳазор ҷавонон ва барои рақобату даст ёфтан ба унвони донишҷӯӣ омода мешаванд. Аммо дар марҳилаи имсолаи қабули донишҷӯён чӣ тозагиву тағйирот аст?

Имтиёз барои ятимон ва камбизоатҳо

Як тафовути аслии марҳилаи нави қабули довталабон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ин аст, ки имсол, бино ба иттилои Вазорати маориф, барои ҷавонони ятим ва камбизоат имтиёз дода мешавад. Яъне бо гирифтани баҳои ҳадди ақал, ин гурӯҳи довталабон метавонанд бидуни ширкат дар озмуни ниҳоии дохилшавӣ ба ихтисосҳои интихобкардаи худ шомил шаванд.

Имсол ҳамчунин нақшаи қабули довталабон ба шӯъбаҳои ғоибонаи таҳсил ба андозаи 30 дарсад коҳиш дода шудааст, ба ин тартиб таълими ғоибона дар солҳои оянда танҳо дар ихтисосҳои омӯзгорӣ боқӣ мемондаасту халос.

Ба иттилои масъулини Вазорати маорифи кишвар, ин навъи таълимро ба оҳистагӣ таҳсили фосилавӣ иваз хоҳад кард, ки сар аз соли равон қабули довталабон ба он шурӯъ шудааст. Дар низоми фосилавии таълим донишҷӯ метавонад ба воистаи интернет дарс бигирад ва дар як сол як маротиба аз кори худ ба омӯзгорон ҳисобот диҳад.

Коҳиши гурӯҳҳои буҷавӣ

Аммо дар маҷмӯъ шумори қабули довталабон мисли як соли пеш бетағйир мондааст, яъне аз ҳудудан 90 ҳазор хатмкардаи имсолаи макотиби миёна танҳо 28 ҳазор имкони даст ёфтан ба унвони донишҷӯ ва соҳибмаълумот шуданро доранд.

Сафарбой Саидов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф, мегӯяд, имсол ҳам нақшаи қабул ба гурӯҳҳои буҷавӣ 10 дарсад кам шудааст ва барои қабули довталабон ба гурӯҳҳои шартномавӣ бештар аз 14 ҳазор, ба буҷа - ҳудуди 10 ҳазор ҷой пешбинӣ шудааст.

Сафарбой Саидов афзуд: “Сол аз сол миқдори қабули довталабон бо дархости ҳукумати ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои буҷавӣ кам карда мешавад. Ҳоло буҷавӣ агар 40 дарсад бошад, шумори қабул ба гурӯҳҳои шартнома 60 дарсадро ташкил хоҳад дод. Мақсад дастгирӣ намудани омӯзгорон, харидории воситаҳои техникии таълим, таълиму тармим ва ғайраҳо”.

Нархҳои осмонӣ барои таҳсил

Бо ин ҳол, тарве довталабон, мегӯянд, шонси дохилшавӣ дар шӯъбаҳои шартномавӣ бештар хоҳад буд, агар албатта барои пардохти маблағи ҳарсолаи он имкон дошта бошанд. Зимнан аз миёни овезаҳои зиёди тарғиботи ихтисосҳо, ҳам ки дар толори кумиссиюни қабули ҳуҷҷатҳои донишгоҳи миллӣ дида мешавад, бештар аз ҳама довталабонро овезаи бузурги нархномаҳои таҳсили шартномавӣ ба назди худ мекашад.

Маблағи шартномаи таҳсил, ба иттилои Вазорати маориф, имсол расман тағйир наёфтааст, аммо вобаста ба таваррум дар баъзе аз ихтисосҳои маткабҳои олӣ то 9 дарсад боло рафтааст. Маблағи ниҳоии таҳсили шартномавӣ аз сӯи Вазорати маориф расман 900 доллар муайян шудааст, аммо вобаста ба ихтисосҳои бонуфуз ва серталабот нархи солонаи таҳсил барои мисол дар гурӯҳҳои шартномавии Донишгоҳи миллӣ аз ҳудуди 400 то беш аз 1000 долларро ташкил медиҳад.

Аммо дар толори кумиссиюни қабули яке аз донишгоҳҳо диққати моро довталабе бо модараш ҷалб кард, ки ҳуҷҷатҳо дар даст дар гӯшаи қабули ҳуҷҷатҳо ба факултаи механика ва риёзиёти ин донишгоҳ истодаву аслан ба нархномаҳои таҳсил таваҷҷӯҳ намекарданд.

Гулнамо мегӯяд, дар бозор ба нонфурӯши машғул аст ва барои донишҷӯ кардани фарзандаш на имкони молӣ ва на ягон воситае дорад, ягона умедаш ба дониши ӯ аст. Писари довталаби ӯ бо маблағи аз мардикорӣ дар бозорҳои кишвар ба даст овардааш чанд моҳ боз дарси иловагӣ мегирад.

«Донишаш хуб аст, вале намедонам, дигар Худо медонад. Агар нашавад, мемонад. Маблағ надорем, падараш аз Русия маъюб баргашт ва тавони кор карданро надорад. Бисёриҳо мегӯянд, бе сум намешавад, вале ман бисёр орзӯ дорам, ки бачаам аз рӯи адолат баҳо гирифтаву дохил шавад. Ӯ бисёр мехонад. »

Ихтисосҳои серхаридор

Бонуфузтарин ихтисосҳоро ҳоло дақиқ гуфтан мушкил аст, аммо аз дидани шумори бештари довталабон дар назди комиссиюни қабули факултаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиву шарқшиносӣ метавон гуфт, ки имсол низ рейтинги ин ихтисосҳои миёни довталабони бештар аст.
Мусоҳибам Нозигул, ки худ хоҳиши рӯзноманигор шуданро дошта, вале бо хости волидон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супурдааст, мегӯяд, чун аксар дигар довталабон қариб як соли ахир дар курсҳои омодасозӣ таҳсил дорад, аммо ба қавли ӯ барои дохил шудан ҳоло танҳо доштани дониш кофӣ нест:

«Ҳам савод даркор, ҳам маблағ. Барои ҳардӯи ин кӯшиш кардан даркор. Ман ҳоло тайёрӣ дида истодаам, мана китобҳои тестӣ харидам, ки дар он ҳама суолҳои имтиҳонот ҳаст».

Шонсҳои нав барои довталабон

Воқеан як нуктаи наву ҷолиб ҳам ин аст, ки барои довталабони имсола ба фарқ аз довталабони солҳои қаблӣ шонси хеле хуби омодашавӣ фароҳам шудааст. Манзур, ба фурӯш гузошта шудани китобу дастурҳои фаровоне бо номи «шпаргалка барои дохилшавӣ» ё «ёрии таъҷилӣ ба довталаб» аст, ки довталабро бо шарту суолҳои имтиҳоноти ихтсисоси интихобкардааш қаблан ошно месозад. Хонум Нигора, тоҷири як чунин мағозаи дастурҳои омодасозӣ, дар шаҳраки донишҷӯён ё ҷазира, дар сӯҳбат бо мо гуфт.

«Довталабон бештар китобҳои омодашавӣ аз фанни ҳуқуқро бисёр мехаранд. Ҳоло китоби «100 иншо» баромадааст, ки дар ҳама мавзӯъ иншои тайёр дорад. Аз ин ҳам зиёд мегиранд. Донишҷӯён бо ин китобҳо дониши худро месанҷанд ва барои имтиҳонот омода мешаванд. Ҳоло барои довталабон бисёр осон шудааст.»

Ба ҳамин тартиб мавсими нави ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои олӣ, ки сар аз 20 июн шурӯъ шуд, то охири моҳи июл идома хоҳад кард. Баъдан довталабонро имтиҳони қабул интизор аст. Аз 1-уми август то 10-ум дар тамоми муассисаҳои олӣ имтиҳони қабул идома мекунад. Имтиҳоноте, ки шояд даҳҳо довталабро ба курсии донишҷӯӣ мебарад ва аммо қисмати зиёди дигарро ноумеду бемаълумот месозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG